Сироҷиддин Фозилов

Аз насли дуюми сарояндагони муваффақи эстрадаи тоҷик аст, ки тавонист бо услуби ба худ хос вориди саҳна шавад ва дар як муддати кӯтоҳ мухлисони зиёде пайдо кунад. Аммо дар ин раванд ва дар авҷи шӯҳрати эҷодӣ ба ҳолати рӯҳафтодагии ботинӣ дучор омадааст ва муддате худро аз саҳна канор кашида буд.

Сироҷиддин Фозилов 2-юми марти соли 1974 дар деҳаи Ҷалҷити ноҳияи Ваҳдат, ки ҳоло Солеҳон меноманд, ба дунё омадааст. Соли 1991 баъди хатми мактаби миёна донишҷӯи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон шудааст ва онро соли 1996 хатм намудааст.

Муддати як сол дирижёри хори ин донишгоҳ будааст. Вале баъд барои ёфтани рӯзӣ қатори ҳазорҳо фарзандони Ватан по ба муҳоҷирати меҳнатӣ гузоштааст. То соли 1999 дар Русия зистааст. Баъди бозгашт ба гурӯҳи рақсу таронаи Вазорати дифои Тоҷикистон – «Ватан» ба кор даромад.
Фаъолияти мустақилонаи таронасароиро аз соли 1999 оғоз кардааст. То ин замон панҷ албоми таронаҳояш бо номҳои  «Ҳаргиз», «Ошиқ», «Набзи дил», «Намегардам», «Қаҳр» интишор шудаанд.

Сабаби ба овозхонӣ ҷиддан рӯ оварданашро дар забти саҳнаи тоҷик барои ҳофизони эрониву афғонӣ медонад. Ва мегӯяд, ҳарчанд аксари онҳо, аз ҷумла, Гугуш, Муин, Сиёвуш, Мартик, Аҳмад Зоҳир, Сароҳанг, Ношинос, Маҳвашро аз ҷумлаи устодони худ меҳисобад, вале бар ин назар буд, ки “ҳар миллат бояд таронаи худро дошта бошад. Мардум хуб аст, бад аст, бештар ба таронаи худ алоқа доранд. Маҳз дар он давра мо панҷ нафар (банда, Зикруллоҳ Ҳакимов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Манижа Давлатова) вориди саҳна шудем ва ба қавле, як гуна таҳаввулот кардем”.

Сироҷиддин ҳамоно бар ин назар аст, ки маҳз ҳамин ибтикор буд, ки тадриҷан дар саҳнаи тоҷик овозхонҳои матраҳ сари кор омаданд ва бозори эстрадаи тоҷик ҳам баъди шӯҳрати “Гулшан” дубора гарм шуд. Дар қатори овозхонҳои навкор, ки баъдан, соҳиби мухлисони сершумор шуданд, марҳум  Суҳроби Сафарзод, Остону Меҳрубон, Файзаливу Валиҷонро ном мебарад, ки имрӯз ҳам бо завқ онҳоро мешунаванд. Шабнами Сурайёро як дастоварди санъати тоҷик медонад.

Сироҷиддин Фозилов мегӯяд, ки сарояндаи хуб набояд аз пайи шӯҳрат бо истифода аз минбари телевизион шавад. “Ба барномае даъват карданд, рад намекунам ва ширкат меварзам. Агар овозхонро дар телевизион нишон надоданд, магар овозхон нест? Хеле аз овозхонҳоеро мебинем, ки ҳама рӯз дар телевизиону радиоянд, аммо баробари онҳое, ки дар телевизион, умуман, намоиш намедиҳанд, шӯҳрату маҳбубият надоранд. Дигар ин ки, асри нав аст, интернет ҳаст, диск ҳаст. Шунаванда таронаи заруриашро ба ҳар роҳ пайдо мекунад”.

Аммо худ ранҷишҳое дар дил аз телевизион дорад. Ҳатто ҳолату яъсу навмедие, ки соли 2008 дар замираш пайдо шуда буд, ба муносибати ширкатҳои телевизионӣ ба ҳунармандон иртибот медиҳад. Ҳолате буд, ки муддати ду сол рӯҳияи ӯро шикаст, даст аз созу наво бардошт, худро аз саҳна ва аз мухлисонаш канор андохт.  

Ва дар сӯҳбати ихтисосие дар радиои “Озодӣ” ин гуна шарҳ додааст:

“Сабаб ин буд, ки ман дилхунук шудам. Албатта, мард бояд ба ҳар дарде, ки мекашад, иқрор нашавад, садо набарорад. Аммо дилхунукии ман фақат ба ман вобаста набуд. Ман беқадрии ҳунар ва ҳунармандро дидам. Ҳама аз рушди санъати муосир, эстрадаи тоҷик ҳарф мезаданд ва мо саҳми худро гузоштему мегузоштем, аммо одамоне пайдо шуданд, ки масъули ин ҳастанд, аммо моро нафаҳмиданд. Дилмондагии ман аз соли 2008 сар шуд. Он сол ман дар Кохи Ваҳдат як консерти «зинда» додам. Ягон ритми барқӣ набуд. Ҳамаро «зинда» навохтем. Асбобҳои зарбиву нафасиву ториро мустақим навозандагон навохтанд, ҳатто бек – вокалҳо – овозҳои дуюму сеюми занонаву мардонаро аз Театри опера ва балет овардем, то ҳама табиӣ ва зебо бошад. Ин корро ба он хотир кардам, ки як дарсе шавад ба овозхонҳои ҷавони эстрада. Худам, ки овозхони эстрадӣ ҳастам. Аммо ин ҳама кори осон набуд. Хароҷоти зиёд дошт. 12, 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби худам харҷ кардам. Аз ин кор афсӯс ҳам намехӯрам, зеро кори арзанда ва даркор буд. Пешравии санъатро нишон медод.

Хулоса, ҳамон консертро монтаж кардам ва маводи хубе шуд барои телевизион. Онро гирифтаму ба телевизиони «Сафина» рафтам ва хоҳиш кардам, ки онро нишон диҳанд. Аммо онҳо гуфтанд, ки  24 ҳазор сомонӣ биёр, баъд як соат вақт медиҳем. Ман дар ҳайрат мондам, зеро медидам, ки ягон овозхони хориҷӣ вақте омада консерт медод, онро пахш мекарданд. Хулоса, ҳамин ҳодиса боиси ранҷиши ман шуд”.

Вале ҳоло баргаштааст дубора ба саҳна. Мехоҳад таронаҳои муддати ду сол гумшударо аз нав пайдо кунад, илҳоми фироркардаро дубора баргардонад. Ва ду сол пеш ба таҳияи албоми нави таронаҳояш бо номи “Пас аз чандин сабуриҳо” оғоз бахшид, ки ҳоло бо 16 таронаи тоза омодаи шунидан кардааст.

Сироҷиддин Фозилов оиладор буда, соҳиби чор фарзанд аст.

Copyright © 2016 TojNews