Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова 10-уми июни соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ)-ро хатм кардааст. 

Баъдан то соли 1976 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил ва кор кардааст. Дар ҳамин ҷо рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, баъдан ба ҳайси устод дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), ба фаъолият пардохт.

Соли 1990 пас аз таъсиси Ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваста, соли 1994 боздошт шуда буд.

Вақте Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба имзо расид, тибқи квотаи 30-фоиза аз ҷониби мухолифин ба мақоми муовини Прокурори Генералӣ пешбарӣ шуд, вале ў ин мақомро напазируфт.

Дар тўли 8 сол, яъне аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқӣ фаъолият дошт.

Баъдан, то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Бунёди Соросро  дар Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Соли 2007 созмони ғайридавлатии “Перспектива +”-ро таъсис дод ва то имрўз раҳбарии онро бар ӯҳда дорад.

Соли 2013 номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ шуд. Аммо бо баҳонаи он, ки барои сабти номзад имзои заруриро ҷамъ оварда натавонистанд, номзадиаш сабти ном нашуд.

Соли 2014 дар қатори 10 бонуи фаъоли ҷаҳон барандаи Ҷоизаи “Шуҷоати зан”-и Вазорати корҳои хориҷии ИМА шуд. Ҷоизаро ба ӯ бонуи аввали ИМА Мишел Обама ба ӯ тақдим кард.

Ойниҳол Бобоназарова соҳиби ду фарзанд ва чор набера мебошад.

Copyright © 2015 TojNews