Олимҷон Бобоев

Олимҷон Бобоев 5-уми январи соли 1952 дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Соли 1967 баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972 онро бо ихтисоси иқтисод ва ташкили нақлиёти автомобилӣ хатм намуд. 

Фаъолияти илмии Олимҷон Бобоев соли 1972 дар кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти Донишкадаи мазкур оғоз шуд, то охири соли 1975 дар ин муассиса фаъолият кардааст.

Моҳи декабри соли 1975 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Маскав рафтааст. Баъди 4 соли таҳсил  дар аспирантураи Академияи идораи давлатии Маскав ба номи С.Орджоникидзе (ҳоло Донишгоҳи идории давлатии Маскав) дар мавзӯи “Тадбирҳои баланд бардоштани дараҷаи ташкилию техникии корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. 

Аз соли 1979 то соли 1991 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра фаъолият намуда, соли 1993 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Методологияи мутобиқгардонии корхонаҳои саноатӣ ба шароити иқтисоди бозорӣ” дифоъ намудаааст. 

Аз соли 1993 то марти 1994 ба ҳайси декан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ кор кардааст.

Олимҷон Бобоев аз марти соли 1994 то соли 2000 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва солҳои 2009 — 2010 дар вазифаи ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 

Солҳои 2008 — 2009 дар вазифаи муовин ва солҳои 2010 — 2011 дар вазифаи вазири нақлиёт ва коммуниктсияи Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Аз соли 2011 то интихоб шуданаш ба вакилии Маҷлиси намояндагон директори Институти иқтисод ва демографияи Академия илмҳои Тоҷикистон буд. 

Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илм ва китобҳои дарсӣ мебошад. 

1-уми марти соли 2015 аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Соли 2006 дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба ин мақом буд, вале дар интихобот шикаст хӯрд. 

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Copyright @2015 TojNews