Олим Салимзода

Олим Салимзода 28-уми январи соли 1956 дар деҳаи Худгифи Соярӯи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дида ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 1978 гуруҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) – ро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 ба сифати рӯзноманигор дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) оғоз кардааст.

Солҳои 1983-1984 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вазифаи тарҷумон – мушовир фаъолият дошт.

Пас аз бозгашт аз Афғонистон боз дар нашрияи “Тоҷикистони советӣ” кор мекунад. Соли 1989 ӯро ба вазифаи Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии танзими тарҷумаи адабиёти кумитаи давлатии матбуот ба кор даъват намуданд. Баробари табдили ном намудани кумитаи мазкур Салимзода Олим сардори Сарраёсати матбуоти даврӣ, нашриёт ва равобити хориҷии Вазорати матбуоту ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 Аз соли 1994 то соли 2004 муовин ва муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои дуюм (солҳои 2004-2005), сеюм (солҳои 2005-2010) ва чорум 2010 аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 интихоб шуда буд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад.

Узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, муовини раиси Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ассамблеяи байнипарламентии САҲА, узви фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хизматҳояш бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Раиси кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад. 

Copyright @2015 TojNews