Носир Саидов

Носир Саидов аз башумор коргардонҳоест, ки рушду такомули шахсият ва ҳирфияти касбии ӯ маҳз дар замони истиқлоли Тоҷикистон рост омадааст. Сарфи назар аз мушкилоту воқеаҳои маълум дар Тоҷикистон ӯ як лаҳза ҳам дар сохтани худ истиҳола накардааст. Ин аст, ки имрӯз чун коргардони чирадаст исмашро фаротар аз марзҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ мешиносанд.

Дар коргардонӣ бо диду назари хос шинохта шудааст. Ба фарқ аз бештари коргардонҳо, ҳеч гоҳ ғаждиҳои ҷомеа мавзӯи офаридаҳои ӯ набудааст. Аз асарҳояш бармеояд, ки ӯ шефтаи зебоиҳост. Некбину некнигоҳ буда, доимо мехоҳад, аз хубиҳо гӯяд. Ҳатто дар офаридаҳояш ҳеч гоҳ қаҳрамонашро дар нимароҳ нагузоштааст, ки инро ҳам баромада аз хислати ӯ медонанд.

Марди саршор аз эҳсос шинохта шудааст. Дӯстонаш мегӯянд, гоҳо шоҳиди он шудаем, ки ҳатто аз шодӣ мисли кӯдакон ашк рехта, вале дар ҷиддияту сахтгирӣ низ ҳамто надорад.

Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Ҳамкоронаш ӯро пеш аз ҳама чун ҳамкор мешиносанд, на роҳбар. Мегӯянд, вақти кору наворбардорӣ кам набуд, ҳолатҳое, ки Носир Саидов дар баробари кормандони одӣ нишастаасту ҳеч гоҳ худашро заррае аз касе боло нагирифтааст... Барои ӯ мафҳуми зертобеъ вуҷуд надорад, - мегӯянд кормандонаш.

Носир Озодович Саидов 19-уми феврали соли 1966 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Факултети коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1989 хатм мекунад.

Баъди хатми Донишкада фаъолияти кориашро дар киностудияи “Тоҷикфилм” дар вазифаи ёрдамчии коргардон шурӯъ карда, то соли соли 1991 дар ин муассиса кор кардааст.

Аммо ҳануз дар замони донишҷӯ буданаш малакаҳои кориро аз беҳтарин устодони Донишкада ва устодони амалӣ аз қабили Мақсудшоҳ Ҳимматшоев ва Валерий Аҳадов аз худ мекунад.

Фаъолияти эҷодии Носир Саидов асосан аз соли 1990 шурӯъ мешавад.  Ӯ дар филми мазҳакавии “Бозиҳои бегона” ба сифати ёрдамчии коргардон корро шурӯъ кард.

Даврони такмилёбии касбияти ӯ дар Маскав пушти сар шудааст. Соли 1991 барои кор ба шаҳри Маскав меравад ва то соли 1993 дар театр-студияи «Полуостров» ва баъд аз он то соли 1997 дар студияи “Мосфилм” дар вазифаҳои коргардон ва саркоргардон фаъолият дошт. Баъдан, ба студияи “Ввысь” мегузарад, ки то замони баргаштан ба Тоҷикистон кор кардааст.

Дар ин давра ӯ дар офаридани филмҳои “Ман ваъда медиҳам, ки меравам”,  (Я обещала, я уйду» кинокомпания «Тискино», 1991), “Зиндагии шахсии малика”  («Личная жизнь королевы» «Мосфильм», 1993), Падари маҳтобӣ  («Лунный папа» 19999), «Шик» (2003), «Танкер «Танго» (2005) дар вазифаи коргардони дуюм нақш доштааст.

Инчунин, дар соли 1996 саркоргардони филми мустанади “Дар ҷустуҷӯи дустон” («Тоҷикфилм”) мебошад. 

Соли 1999 Носир Саидов ба ватан баргашт ва дар идораи мусиқии телевизиони Тоҷикистон дар вазифаи саркоргардон фаъолият дошт.

Як сол баъд, дар идораи мусиқии ТВТ саркоргардони барномаи “Субҳ” таин мешавад. Фаъолияташ дар ин муассиса дер напоид, боз ба Маскав бармегардад. Аз соли 2003 то соли 2004 дар ҷои кори қаблиаш - студияи «Ввысь» кор мекунад.

Дӯстонаш мегӯянд, ҳунари Носир барои ҳамкоронаш дар Маскав маълум буд. Бар зами ин, ҳуввият ва тоҷикияти  Носир Саидов ӯро ҳамеша дар назди ҳамкорони русаш чун тоҷики пурғурур ҷилва медод.

Соли 2004 ба Душанбе омад. Саркоргардони Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” таъин шуд. Аз фаъолони ба роҳ мондани ин муассисаи навтаъсис буд.

Носир Саидов дар ин вазифа низ танҳо як сол кор кард ва соли 2005 телевизиони “Сафина”-ро тарк кард.

Идомаи фаъолият корӣ Носир Саидовро ба ширкати “Ориёно медиа” бурд. Ӯ дар инҷо ба ҳайси PR директори ин ширкат кор сар мекунад.

Соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” таъин шуд. Таъиноти ӯ ба ин вазифа аз камтарин таъинотҳое буд, ки дар расонаҳо низ истиқболи гарм ёфт.

Офаридаҳои Носир Саидов ҳеч гоҳ зери парда намондааст. Асарҳояш барои тамошобин ошноянд. Ибтидо дар вазифаи ёрдамчии коргардон фаъолиятро шурӯъ мекунад.

Се офаридаи ӯ дар солҳои охир нишон дод, ки филми тоҷик ҳанӯз зинда аст. Филми “Қиёми рӯз”-и ӯ аз башумор филмҳо дониста мешавад, ки дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ҳадс мезананд, ки шояд аввалин филм дар сатҳи байналмилалӣ бошад. Ин аст, ки дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст.

 Аз ҷумла филми “Қиёми рӯз” дар  кинофестивали ҷаҳонии “Керала” дар Ҳиндустон,  дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Ҷопону Русия, Ҳинду Итолиё ва Ҳоланд ширкат карда ва ҷоизаҳоро ба даст овард. Дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Қиёми рӯз” дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро ба худ гирифт. Ин ҷоиза барои беҳтарини кори коргардонӣ ба ин филм дода шудааст.

Филми дигари номии ӯ “Оинаи беҷило” дар соли 2013 ба навор бардошта шуд. Филми “Муаллим”-и ӯ дар соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Аз ҷумла ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Ин филм бори дигар маҳорати беҳамтои Носир Саидовро ба намоиш гузошт.

Меарзад, ки дар ин сатҳ Носир Саидов дилпурона хушаш наояд, аз он на ҳар офаридаро филму ҳунар номад.

Соли 2004 бо ифтихорномаи Президенти Тоҷикистон мукофонида шудааст. Аз соли 2000 узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон мебошад.

Оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Писараш Парвиз дар филми “Оинаи беҷило” аз нақшҳои асосиро офаридааст.

Copyright © 2015 TojNews