Муҳаммадҷон Шодиев

Агар гӯем, ки чеҳраи Муҳаммадҷон Шодиев барои аксари мутлақи мардуми Тоҷикистон, ҳатто сокинони Афғонистону Эрон бегона нест, хато намекунем.

Имкон дорад, ки танҳо бо ба забон овардани як исм - «Нозимӣ» ӯро барои мухотаб муаррифӣ намоӣ.

Муҳаммадҷон Шодиев бо офаридани нақши Нозимӣ дар силсилафилми «Дар орзуи падар» (аз рӯи асари нависанда Кароматулло Мирзоев) ба дилу дидаи так-таки мардум ҷой гирифт.

Албатта, ин маънои онро надорад, ки то ин замон тамошобини театру синамои тоҷик аз ҳунари ӯ бехабар буда бошад.

Аммо силсилафилми «Дар орзуи падар» чеҳраи Муҳаммадҷон Шодиевро мардумитар намуд. «Дар орзуи падар» охирон ва шояд дар чанд соли ахир ягона филми тоҷикӣ бошад, ки бо маҳбубияти беандоза мардуми тоҷикро ба назди оилаи нилгун ҷалб намуд.

Аз камтарин филмҳои тоҷикист, ки атрофи нақшҳои асосии он мардум ҳарфҳо мегуфтанд. Нақл мекунанд, ки баъд аз ин филм ҳамсоязанҳо дар симои Муҳаммадҷон Шодиев Нозимии бадмаст, Нозимии оилабезорро дида, ба сӯи бо нишони нафрин даст меафшонанд…

Ин ҳама далел аз ҳунари волои Муҳаммадҷон Шодиев аст, ки бо тамоми ҳастӣ вориди нақш мегардад.
Ин ҳунарманди тоҷик 5-уми январи соли 1954 дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст.

Соли 1979 Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шуҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст.
Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз мекунад.

Бо гузашти 60 соли умр, ки нисфи он дар рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ шудааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ зиёд ҷойи корро намебинед.

Соли 1984 Муҳаммадҷон Шодиев бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад.

Аммо офаридаҳои ӯ дар чандин дафтар намегунҷанд. Дар ин муддат ӯ дар театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобини театри мазкур на як бору ду бор барои нақшҳои ӯ Борбад аз "Ғуруби Аҷам", Хизирхон аз "Фарёди ишқ", Азиз аз "Дуел", Балъамӣ аз "Шоҳ Исмоил", Гурдуй аз "Баҳроми Чӯбина", Қодирқул аз "Бой ва хизматгор", Шариф Исматӣ аз "Имтиҳон", Мавлавӣ аз "Офати нафс", Тибалт аз "Ромео ва Чулетто", Боҳуй аз «Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Хахоманиш», Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонхона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рудакӣ» ва дигарон каф кӯбидааст.

Нақшҳои офаридааш дар саҳнаи театру кино бояд аз зовияи касбӣ аз ҷониби ҳунаршиносон баҳо дода шаванд.

Нақшҳои саҳнавӣ қисмате аз эҷодиёти ҳунарии ӯ мебошанд. Дар ин баробар нақшҳои офаридааш дар синамо низ кам нестанд, ки на танҳо дар миқёси Тоҷикистон балки дар хориҷ аз маҳбуб гардидаанд.

Анор аз "Парвози занбӯр"- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз "Муҳоҷир"- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз "Маҳдӣ", Устод аз "Шамсиддини Шоҳин", Озар аз "Муҳити 44-46", Нозимӣ аз силсилафилми "Дар орзуи падар" аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд.

Силсилафилмҳои «Маҳдӣ» ва «Дар орзуи падар», ки Муҳаммадҷон Шодиев дар онҳо нақши асосиро бозидааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд.

Дар ин миён кам нест, филму саҳнаҳое, ки дар он нақш офаридааст дар саҳнаҳову фестивалҳои ҷаҳонӣ ба намоиш нагузошта бошанд.

Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мебошад.

Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. Коргардонӣ пахлӯи нави эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. 

Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.

Онҳое, ки Муҳаммадҷон Шодиевро аз наздик ба хубӣ мешиносанд, мегӯянд, ки ғурур, тамкин, салобат, виқор ҳамвора аз ӯ ҷудо нест.

Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадҷон Шодиев ваъда намудааст, ки ҳаводоронаш аз ӯ моноспектакле аз руйи ашъори Лоик Шералиро интизор бошанд.

Соли 2005 унвони Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд. Инчунин, дорандаи медал «Барои хизмати шоиста» буда, бо як қатор ифтихорномаҳо аз ҷониби Ҳукумат ва вазорати фарҳанг қадрдонӣ шудааст.

Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.

Copyright © 2016 TojNews