Лутфулло Давлатзода

Давлатзода Лутфулло Саъдулло (Лутфулло Давлатов)-ро дар миёни ҳаводоронаш бештар чун ҳунарманд мешиносанд, то як мансабдор. То замони ба вазифаҳои раҳбарикунанда дар  муассисаҳои давлатӣ таъин шуданаш, бо офаридани нақшҳо дар саҳнаҳои театру синамо барои барои мардум чеҳраи матраҳ гардида буд.

Ӯ 20-уми декабри соли 1958  дар ноҳияи Темурмалик зода шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси актёри драма ва кино (соли 1979) мебошад.

Баъди хатми Донишкада дар ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро дар вазифа ҳунарпешаи Театри шаҳри Конибодом оғоз мекунад. Фаъолияташ дар ин муассиса дер напоид ва худи ҳамон сол ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, солҳои 1979-1981 хидмати ҳарбиро ба ҷо меорад.

Баъдан, ҳунарпешаи театри Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Дар ин муддат дар якчанд намоишҳои телевизионӣ нақш офаридааст, ки то ҳол аз намоишҳои ҷолиби телевизионӣ маҳсуб меёбанд.

Аз ҷумла нақҳои ӯ намоишномаҳои телевизионии “Зани оҳанин”, “Ҳайкал”, “Дуздӣ”, “Курсии сеҳрнок”, “Аноӣ”, филмспектакли “Ғуруб” барои тамошобини телевизиони тоҷик хотирмон аст. Дар пайи ин, дар филмҳои телевизионии “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил” ва ғайра нақш офаридааст.

Аз соли 2004 Лутфулло Давлатзода аз саҳнаи театру синамо ба оҳистагӣ канор рафт, замони нави фаъолияти ӯ оғоз шуд, ки минбаъд дар курсиҳои идоракунӣ нишаст ва бевосита ба фаъолият дар телевизион пайваст.

Соли 2004 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон таъин шуд. Соҳаи мусиқӣ барои ӯ бегона нест.

Баъдан, солҳои 2005-2006 сармуҳаррири идораи "Субҳ"-и Телевизиони Тоҷикистон буд.

Бо таъсиси ёфтани Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон" дар соли 2006 муовини аввали директори ин муассиса таъин шуд, то соли 2008 фаъолият кард. Пас аз ин, як сол (2008-2009) вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" фаъолият кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ 30-юми сентябри соли 2009-ум директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъин шуд, то ҳол дар ин вазифа кор мекунад.

Дорандаи унвони ифтихории "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон", медали "Хизмати шоиста" ва як қатор мукофоти соҳавӣ мебошад.

Copyright © 2015 TojNews