Искандари Хатлонӣ

Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев) 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи омӯзгор дар дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.

Ӯ таҳсилоти ибтидоии худро соли 1979 дар мактаби миёнаи №8 шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонида, баъд аз он дар Омӯзишгоҳи сохтмонии шаҳри Душанбе идома додааст.

Соли 1976 ба Донишкадаи адабии Максим Горкий ба шаҳри Маскав  дохил мешавад, дар баробари таҳсил дар Донишкадаи адабии Максим Горкий дар бахши бурунмарзии радиои шуравии “Ин ҷо Маскав” хабарнигор буд.

Соли 1981 баъди хатми донишкадаи мазкур дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар Душанбе ба ҳайси хабарнигор кор кардааст.

Искандари Хатлонӣ дар замони ҷанги Шуравӣ дар Афғонистон барои мутарҷимӣ аз русӣ ба дарӣ ба Кобул фиристода шуд.

Соли 1988 яке аз бунёдгузорони нахустин маҳфили сиёсии Тоҷикистон “Рӯбарӯ” буд ва дар соли 1989 яке аз асосгузорони ҷунбиши мардумии “Растохез” маҳсуб мешуд.

Соли 1990 яке аз рӯшанфикроне буд, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ талош мекард. Ӯ аз нахустин касоне буд, ки қотилони ҷавонмаргони ҳодисаи “Баҳманмоҳи хунини 1990”-ро маҳкум карда буд.

Дар ибтидои солҳои 1990  нахустин нашрияи озоди тоҷикӣ, “Мужда”-ро таъсис дод, ки он бо хатти тоҷикӣ ва порсӣ нашр мешуд.

Аз соли 1990 то 1995 хабарнигори бахши форсии радиои Би-Би-Си ва аз соли 1995-2000 хабарнигори радиои Озодӣ буд.

Нахустин шеърҳои ӯ ҳанӯз дар айёми наврасӣ вақте дар мактаби миёна дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст.

Искандари Хатлонӣ дар синни 45-солагӣ 21-уми сентябри соли 2000 дар шаҳри Маскав ба қатл расид, аммо то на ангезаи ин қатл ӯ маълум ва на қотилонаш дастгир шудаанд.

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмуаи шеърӣ, аз ҷумла “Парвоз” (1981), “Шукуфа” (1986), “Садои пои вожаҳо” (1988) ва “Кушоиш” рӯи чоп омадааст. Ҳамчунин баъди маргаш бародараш Алишер Идизода маҷмуаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия ва нашр кард.

Copyright @2015 TojNews