Ибодулло Машрабов

Ибодулло Машрабов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳамчун ровӣ ва режиссёри барномаҳои театрӣ маъруф аст.

1-уми апрели соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро дар мактаби миёнаи № 38-и шаҳри Душанбе солҳои солҳои 1960-1970 гирифтааст.

Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Анатолий Василевич Луначарский (ГИТИС)-и шаҳри Маскавро соли 1976 бо ихтисоси актиёри театр ва кино, бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз соли 1976 то 1989 ҳамчун актёри Театри давлатии ҷавонон, ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе кор кардааст.

Ӯ аз соли 1989-1997 ҳамчун актёр ва режиссёри театри Лӯхтаки, похтахи Тоҷикистонбе фаъолият ҳунарии худро давом додааст.

Соли 1998 ҳамчун ҳунарпешаи дараҷаи олии Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии дрмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ” фаъолият намудааст.

Дар нақшҳои зиёди гуногунжанри классикиву муосир, аз ҷумла Шоҳ Хусрав аз  “Хусрав ва Ширини”- Г. Птитсин,  Домод аз “Хостгорӣ”-и Игор Попович, Дон Педро аз “Як пула савдо, сад пула ғавғо”-и Уилям Шекспир, Дон Карлос аз “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст”-и П. Колдерон, Аҳмад Турдиев аз “Суруши Сталинград”-и Мӯъмин Қаноат, Азимов аз “Ҳукм”-и Шодӣ Солеҳ, Чапан аз “Фолбинии Афандӣ”-и Абдумалик Баҳорӣ, Дон Жуан аз “Дон Жуан”-и Ж,Б, Молйер, Азозил аз “Хонасӯзон”-и М. Фриш, Шоҳ Исмоил аз “Исмоили Сомонӣ”-и Меҳмон Бахтӣ, Зардушт аз “Паёи Зардушт”-и Нур Табаров, Искандари Мақдунӣ аз “Искандари Мақдунӣ ва Спитамен”-и Б. Абдураҳмон, Насри Сомонӣ аз “Рӯдакӣ”-и Сотим Улуғзода ва ғайраҳо бозидааст. 

Дар хазинаи Синамо, Радио ва телевизион ҷумҳурӣ намоишномаҳо ва барноаҳо ва зиёда аз 50 суруду оҳангҳояш маҳфуз мебошанд.  

“Пандномаи Саъдӣ” ва “Иршод” намунаи беҳтарини онҳост, ки муаллиф, режиссёр ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар симои ӯ таҷассуф ёфтаанд. 

Ибодулло Машраб ҳамчун ровӣ низ маъруф гашта, ба ин сифат фарҳанг ва ҳунари тоҷикро дар мамолики гуногуни дунё муаррифӣ намудааст. 

Шеър менависад.

Аз соли 2005 то 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва Раиси комиссия оид ба одоби вакилон интихоб шуда буд.

Аз янари соли 2008 то моҳи марти соли 2015 директор, саррежисёр ва устоди пешбари саҳнаи Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” буд. Моҳи марти соли 2015 муовини якуми вазири фарҳанг таъин шуд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ.

Соли 2011 бо ордени “Дӯстӣ”, медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофонида шудааст.

Ибодулло Машрабов оиладор ва соҳиби 7 фарзанд аст.

Copyright @2015 TojNews