ВИДЕО: Ифтитоҳи бозиҳои олимпии Рио-2016

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар варзишгоҳи "Маракана"-и Рио-де-Жанейро дар Бразилия 5 август соати 19:55 ба вақти маҳаллӣ (6 август соати 03:55 ба вақти Душанбе) оғоз шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Олимпиада, ки се соат идома дошт, сарони 45 кишвари дунё ширкат карданд. 

Дар Бозиҳои олимпии имсол намояндагони 206 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин тими паноҳҷӯён барои бори аввал дар олимпиада иштирок намуда ва дар 28 риштаи варзишӣ рақобат мекунанд.

Бразилия нахустин кишвари Амрикои Лотинӣ мебошад, ки Бозиҳои олимпӣ дар он баргузор мешавад. Бозиҳои олимпии ду даври пеш солҳои 2008 ва 2012 дар Пекин ва Лондон баргузор шуда буданд.

 

 

Охири моҳи июл вазири корҳои хориҷии Бразилия Жозе Серра эълон намуд, ки дар ин чорабинӣ иштироки сарварони танҳо 45 кишвар дар назар аст, ҳарчанд шумораи расмӣ ба хотири амният гуфта нашуда буд.

«Сарварони кишварҳо ва одамон аз мамлакатҳои дигар барои ба Бразилия сафар кардан чандон завқманд нестанд, зеро ки ин кишвар дар айни ҳол ақиб меравад ва бояд мушкилоти худро ҳал намояд», — иброз доштааст профессори таърихи Донишгоҳи Бразилиа Амадо Серву.

Ёдовар мешавем, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Пекин-2008 сарварони 80 кишвар иштирок доштанд, ки ин шумораи рекордӣ буд. Дар чунин чорабинӣ дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 сарварони 70 кишвари олам ширкат кардаанд.

Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Риоро дар қатори сарварони дигар кишварҳо, инчунин президенти Фаронса Франсуа Олланд, президенти Аргентина Маурисио Макри, ҳамтои ӯ аз Парагвай Орасио Мануэл Картес Хара, сарвазири Италия Маттео Ренси ва дигарон дар варзишгоҳи “Маракана” тамошо карданд.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбоновва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Гурзандоз Дилшод Назаров, ки ҳамроҳи ду мураббиаш субҳи рӯзи 5 август аз Прага ба Рио-де-Жанейро омад, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ парчамбардори ҳайати Тоҷикистон интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.

Рӯзи 3 август президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Кумитаи олимпии Бразилия Карлос Артур Нузман аз ситораи футболи ҷаҳонӣ бразилиягӣ Пеле (номи аслиаш Эдсон Арантис ду Насименту) хоҳиш карданд, ки оташи Бозиҳои олимпии Рио-2016-ро дар варзишгоҳи “Маракана” фурӯзон намояд.

Ҳарчанд Пелеи 75-сола, ки моҳи декабри соли гузашта дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷарроҳӣ шудааст ва бе асобағал роҳ гашта наметавонад, бо хушҳолӣ розигӣ дода ва гуфта буд, ки ин барои ман ифтихори бузург аст.

Аммо танҳо чанд соат пеш аз оғози маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ гузориш шуд, ки Пеле бинобар вазъи саломатиаш наметавонад машъали бозиҳоро фурӯзон намояд.

Пеле рекордсмен оид ба шумораи ғалаба дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст. Ӯ се бор (солҳои 1958, 1962 ва 1970) барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол шудааст.

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро

Шояд шумо суол ё назаре доред?