Умаралӣ Қувватов дар Истанбул кушта шуд

Шаби гузашта 5-уми март дар Истанбули Туркия роҳбари "Гуруҳи 24", яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон кушта шудааст. 

Дар ин бора расонаҳои Туркия хабар доданд. 

Бино ба иттилои haberler.com, шаби гузашта, соати 22:30 дақиқа шахси номаълум дар кӯчаи Фотеҳии Истанбул аз пушт ба сари Қувватов тир кушодааст. 

Бо пахши як навор, ки дар он ҳамсар ва ҳамроҳони Қувватов нишон дода шудаанд, ин расона, гуфтааст, Умаралӣ Қувватов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҷасади Қувватов, феълан дар сардхонаи додгоҳӣ нигоҳдорӣ мешавад. 

Ҳамла ба роҳбари “Гуруҳи 24” вақте рух додааст, ки Қувватов аз манзили зисти Сулаймон Қаюмов, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун шудааст, рух додааст. Ҳамроҳи ӯ зану фарзандонаш низ будаанд.

Ба сари Қувватов аз пушт вақте тир кушодаанд, ки ӯ худро бад ҳис карда, ба берун баромад.  

Қумриниссо Ҷабборова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов ва ду фарзанди ноболиғаш низ худро бад ҳис карда, ҳоло дар беморхона ба далели заҳролудшавӣ дар Истанбул бистарӣ шудаанд, -менависад Би-Би-Си. 

Қаюмов бо иттиҳоми даст доштан дар суиқасд ба ҷони Қувватов аз ҷониби мақомоти ин кишвар боздошт шудааст. 

Эҳтимол меравад, нафароне, ки ба ҷони Қувватов суиқасд кардаанд, аввал ӯро заҳролуд кардан хостаанд.  

 

 

Гуфта мешавад, ки Сулаймон Қаюмов се моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Туркия рафта ва ба "Гуруҳи 24" пайвастааст

 

Қувватов аз таъсиси “Гурӯҳи 24” моҳи августи соли 2012 дар Маскав аз худ дарак дода буд. Ӯ, ки худро собиқ раиси Шӯрои директорони ширкати «Фароз» мегуфт, аз рӯзҳои аввал бо интиқод алайҳи сиёсатҳои Ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбат мекард. 

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва се нафар аз ҳамроҳонаш дар Туркия 19-уми декабр боздошт шуда ва баъди қариб ду моҳи ҳабс, озод шуда буданд. 

 

 

Мақомоти Тоҷикистон истирдоди мухолифи ҳукуматро ба Тоҷикистон талаб карданд. 

Суди Олии Тоҷикистон 9-уми октябр ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24»-ро ташкилоти экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кард.

Қаблан Қувватов бо дархости Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2012 дар фурӯдгоҳи Дубай Қувватов бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуд.  Моҳи сентябри соли 2013 аз боздоштгоҳи Дубай озод гардид.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 16 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки аз мақомоти Туркия истирдоди Қувватовро, ки дар якчанд ҷиноят айбдор карда мешавад, тақозо кардаанд. 

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошти 8 нафар бо иттиҳоми узвият дар ин созмон хабар дода буд. 

Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар Маскавро, ки ду рӯз пеш дар Душанбе бо чандин иттиҳом ба 17 соли зиндон маҳкум шуд, мақомоти Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Умаралӣ Қувватов айбдор карда буданд. 

Дӯ рӯз қабл ҳамчунин Умедҷон Солиҳов, як ҷавони тоҷик, ки ба ҷонибдорӣ аз ин гуруҳ муттаҳам мешуд, аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. 

Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони ин гуруҳи мухолиф ба "Озодӣ" гуфтааст, баъди аз ҳабс раҳо шудани Қувватов ин суиқасди дуюм ба ҷони Қувватов будааст. Қаблан кӯшиши заҳролуд кардани роҳбари "Гуруҳи 24" боиси заҳролуд шудани ду нафар аз наздикони ӯ шуда, ин даъфа ӯ ҳадафи тири силоҳ қарор гирифт, - гуфтааст Гадоев. 

 

Назарҳо

Инно лиллох ва инно илайхи рочиьун
Дар урфият мегуян "Тиши едишь, дальше поедишь"

Шояд шумо суол ё назаре доред?