Талаби 1,5 соли зиндон ба ронанда ва писараммаи Кабирӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ронанда ва писараммаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи наҳзати исломӣ 1 солу 6 моҳи зиндонро талаб кардааст.

Ҳафтаи гузашта муфаттиш аз суд дар баробари ронандаи Кабирӣ - Ҳикмат Сайфов, ҳамчунин нисбати Ҷамшед Нарзуллоев - писарамма ва Маҳмадулло Раҳматуллоев - додаруси раҳбари ҲНИТ низ ҳамин талабро доштааст, ки ба ин се нафаро яку нимсолӣ ҷазо таъйин кунад.

Бино ба иттилои як манбаъ дар мақомот, ки нахост номаш ифшо шавад, муфаттиши парванда бинобар ҳамкорӣ бо тафтишот ва иқрор шудан ба гуноҳашон, аз суд талаб кардааст, ин се нафар ҷазои сабуктар таъйин кунад.

- Ин се нафар моҳи октябри соли 2015 бо гумони ҳамкорӣ бо Муҳиддин Кабирӣ ва бо фармони писари бузурги раиси ҲНИТ ба Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон расондани 1 милион доллари ИМА боздошт шуда буданд.

Мурофиаи ин сенафара, ҳамчунин Саддидин Рустам, мушовири собиқи раҳбари ҲНИТ, бо 13 тан аз раҳбарони собиқи ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ ба тарзи муштарак дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе мегузарад, -мегӯяд манбаъ.

13 нафар узви фаъоли ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, 17-уми сентябри соли гузашта боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққати КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд. Мурофиаи судии онҳо низ зери муҳри "махфӣ" ҳамон ҷо мегузарад.  

Ба ғайр аз 13 тан аз фаъолони наҳзатӣ, дар робита ба "ошӯб"-и моҳи сентябр беш аз 170 нафар боздошт шуда, мурофиаи судии онҳо низ паси дарҳои баста идома дорад. 

Ба иттилои наздикони боздошшудаҳо, айбдкоркунандаи давлатӣ барои Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳаит, Абдуқаҳҳори Давлат ва Қиёмиддин Авазов ҳабси абад талаб кардааст. Барои дигар боздошшудаҳои ҲНИТ аз 8 то 23 солии зиндон талаб карда шудааст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?