Парвандаи Дилбар Гургова ба суд рафт

Парвандаи Дилбар Гургова, модари шаш ноболиғ ва ҳамсари яке аз боздоштшудаҳои қазияи “ошӯб”-и генерал Назарзода, ки барои дур мондани фарзандонаш аз таълим оғоз шуда буд, ба суд рафт.  

Муфатиши парвандаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур дар суҳбат бо Тољнюс аз ифшои ҷузъиёти ин павранда худдорӣ кард.

Вале нозири минтақавии маҳаллае, ки Дилбар Гургова иқомат дорад, гуфт, дар баробари ин зан, ҳамчунин ҳашт нафар волидон, ки ба бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон муттаҳам мешаванд, парванда оғоз шуда,  ба суд ирсол шудааст.

Дилбар Гургова, ҳафтаи гузашта ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки сарфи аназар аз он, ки дар шароити сахти иҷтимоӣ қарор дорад, прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбаташ парванда оғоз карда, муфатиш ба ӯ таҳдид кардааст, ки ба ҳабс хоҳад гирифт.

Гургова, ки дар дуконе фаррошӣ мекунад, иддао дорад, ки аз нодорӣ наметавонад ба фарзандонаш либоси мувофиқ ба талаботи мактабро харидорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол ҳам, муаллимон ду фарзанди мактабхони ӯро бинобар надоштани пойафзоли “дуруст” аз дарс рондаанд.

Бино ба гуфтаи Гургова тифлони ӯро, ки аз ночорӣ мехост ба ятимхонаҳо супорад, ҳамчунин ба ин муассисаҳо қабул накардаанд. 

Ҳамидулло Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар робита ба қазияи Гургова изҳори беииттилоӣ кард.

Аммо гуфт, ки қонун “Дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд” барои бемасъулиятӣ чораи ҳабсро пешниҳод накардааст.

«Инҷо ҷарима пешбинӣ шудааст. Вале то сатҳи парванда расидан аввал бояд, ки мактаб масъаларо ҳал кунад. Муфатишон ҳам набояд, дасту остин барзада дар мактаб ҷинояткор ёбанд. Воқеан масъалаи маориф душвор аст. Роҳи халро бояд ёбем", -таъкид мекунад Фақиров. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ман хайронам ки ин бечора занак кучо раваду ба ки арз кунад? Зеро зиндаги барои хамин занак душвор будааст,ва дигарон мисли шох зиндаги доранд!Окибат ин хам бо фарзандонаш худро ба даре гарк мекунанд. О кучо шуд он комитети занону,расму оин, ки дастгири кунанд, о кучо шуд ин расму оини точики магар ин аст рафтори хукуматдорон ба чои дастгири. Марди набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигири марди.
Кумитаи занон? Ин кумита вакат афсона хонира медона тамом

Шояд шумо суол ё назаре доред?