Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба садамаи Фаромӯз Саидов

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба садамаи автомобилӣ бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Муовини аввали Сарвазир бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардааст.

Бино ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, (Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва истифодаи васоили нақлиёт) парванда боз шуда, Прокуратураи генералӣ тафтиши онро пеш мебарад.

Тибқи моддаи 212 гунаҳкор дар сурати исботи гуноҳаш ҷарима месупорад ва ё 10 сол зиндонӣ мешавад.

Садамаи маргбор бо иштироки писари Давлаталӣ Саидов, муовини сарвазири Тоҷикистон шаби 10-уми сентябр, замоне, ки Фаромуз аз маркази дилхӯшии "Кохи Наврӯз" бармегаштааст, дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ рух дода буд.

Мақомот иттилои ғайрирасмиро дар бораи он ки писари ноиби сарвазир дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, рад ё тасдиқ намекунанд. 

Сабукрави хориҷии Фаромузи Саид бо суръати баланд ба мошини хоҷагии коммуналии шаҳрдории Душанбе бархӯрда, дар натиҷа Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар мошини писари мансабдори давлатӣ будааст, ҳалок шудааст.

Ҳамчунин дар пайи ин садама Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ва корманди хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Писари ноиби аввали Сарвазир бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарист.

Ҳодисаи кушта шудани шаҳрвандон дар сонеҳаи нақлиётии писарони мансабдорон дар Тоҷикистон нав нест.

Яке аз он моҷарои писари Амонулло Ҳукумов, сарвари пешини "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Расули Амонулло буд, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Соли 2013 дар садама бо иштироки Расули Амонулло се нафар ҳалок шуда, се тани дигарро шадидан ҷароҳат бардошта буданд.  

Билохира ВКД гуноҳи писари Ҳукумовро ҳатто баъди чандин ташхис, аз ҷумла ташхисҳои автотехникӣ-трассологӣ, судӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ ҳам пайдо накард ва ӯ ҷазо нагирифт. 

Дар посух ба суоли журналистон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки "ҳафт экспертиза исбот накард, ки Расули Амонулло гунаҳкор аст". 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?