Низом Қосим - 8-умин Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Низом Қосим, вакили Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагон раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд.

30-юми июн дар театри драмавии академии ба номи Абулқосими Лоҳутии Душанбе Анҷумани Иттифоқи нависандагон баъди як соли таъхир баргузор шуд. Низом Қосим бидуни рақиб дар овоздиҳии кушодаи вакилони Иттифоқи нависандагон раис интихоб шуд. Ҳамчунин, 64 нафарро ба узвияти Раёсати Иттифоқ қабул кардаанд. 

Низом Қосим дар ин вазифа шоир ва драматург Меҳмон Бахтиро иваз кард, ки аз соли 2004 инҷониб Раиси раёсати Иттифоқи нависандагон буд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 ташкил шуда, аввалин раиси он Саид Носир будааст. Баъдан, дар ин мақом чеҳраҳои ба мисли Аҳмедбек Мавлонбеков, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтӣ раисӣ кардаанд.

Шоир Абдулқосим Лоҳутӣ дар замони таъсиси Иттифоқ Раиси фахрии он таъин шуда будааст.

Иттифоқи нависандагон аз ташкилотҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Дар замони Шӯравӣ таблиғи ғояҳои коммунистӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти иттифоқи нависандагон маҳсуб меёфт.

Дар Анҷуман аз ҷониби аъзои Комиссияи тафтишотӣ пешниҳод шуд, ки Иттифоқ аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба муассисаи давлатӣ табдил дода шавад. Тасмим гирифта шуд, ки ин пешниҳод ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ироа карда шавад.

Раиси нави Иттифоқи нависандагон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир дар интихоботҳои парламентии солҳои 2010 ва 2015 ду навбат аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакил аз ҲХДТ интихоб шудааст.  Ӯ 57 сол дошта, дар шаҳри Қурғонтеппа зода шудааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог - журналист соли 1979 хатм кардааст.

Солҳои гуногун дар нашрияи “Пионери Тоҷикистон”, корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти “Адиб” ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанг буд.

Аз соли 2006 то 2010 дар вазифаи Директори муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон” кор кардааст.

Меҳмон Бахтӣ, ки то ин дам Раиси Иттифоқи нависандагон буд, 69 сол дошта, дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои 1995-2000-ум вакили Маҷлиси Олӣ ва соли 2005 узви Маҷлиси Миллӣ буд. 

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Муборакат бод, Низом.
ВАкте ки мебинам чун точик таъзим мекунад, дилам мековад, бехузур мешавад, он кадар аз даст пеши бар гирифтахову таъзимкунихо безор шудаам, ки хатто ба афроди таъзимгар нафратам бештар меафзояд. Кай бас мекунем таъзимро, кай???
Саид ин таьзим нест ин яке аз расми хуби точикист.
Назди хамкаламон ,халки худ таъзим кардан камоли фазилати инсонист .Мо бояд ба ин гуна инсоно ифтихор кунем. Таккабур дар назди парвардигор хам хуш нест.Бедил: Бар мо хато гирифтан аз кеши шарм дур аст, Кас айби кас набинад,то беайё набошад. Саъди : На дар хар кор айб чустан равост, Хато бар бузургон гирифтан хатост1

Шояд шумо суол ё назаре доред?