Нашри китоби ҷадид дар таҳияи домулло Маъруфҷони Элокӣ

“Ал-Муътамаду фи-л-муътақад”-и аллома Фазлуллоҳи Турпуштӣ дар таҳия ва таҳқиқи домулло Маъруфҷони Элокӣ (Маъруф Раҳимов) аз чоп баромад.

Рисолаи “ал-Муътамаду фи-л-муътақад” ақидаи ба эътимод дар равияи аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ шинохта шуда, донишмандони муътабар шогирдону пайравони мазҳабиро ба хондани он тавсия медиҳанд.

Ин китоби мазҳабӣ аз се боб ва сӣ фасл иборат буда, дар раванди таҳдиди хатарҳои мафкуравии муосир барои доираи васеи хонандагони тоҷик пешниҳод мешавад.

Китоби мазкур дар матбааи ҶДММ “Бебок”-и пойтахт ба теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Абӯабдуллоҳ Шиҳобуддин Фазлуллоҳ ибни Тоҷуддин Абӯсад Ҳасан бини Ҳусайн бини Юсуфи Турпуштӣ маъруф ба  аллома Фазлуллоҳи Турпуштӣ дар деҳаи Турунпушти Язди Эрон ба дунё омада, дар Шероз сукунат кардааст.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Alloh ilmi domulloro ziyoda gardonad. iqdomi xube kardand dar in marhilai hassos dar fazoi aqida

Шояд шумо суол ё назаре доред?