Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҲНИТ 50 сола шуд

Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 20-уми июли соли 1965 дар рустои Қасамдараи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Баъди хатми нопурраи мактаби миёнаи №15-и ноҳия ба техникуми статистикии (омори) шаҳри Орҷоникидзеобод дохил мешавад. Онро соли 1983 ба охир расонад, муддате дар совхози “Октябр”-и ноҳияи Файзобод дар вазифаи иқтисодчӣ кор мекунад.

Ҳамон сол ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мешавад, то соли 1985 сарбоз буд.

Баъди сарбозӣ солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Файзобод чун иқтисодчӣ фаъолияташро идома додааст. Соли 1987 ба шӯъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм кардааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ ба Яман рафта, беш аз як сол дар Донишгоҳи ҷумҳурии Яман коромӯз мешавад.

Соли 1993 ба Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия дохил шуда, соли 1995 онро бо ихтисоси мутахассис оид ба ҳуқуқи байналмилал хатм мекунад.

Аз соли 1995 то соли 1997 дар шаҳри Маскав президенти Маркази фарҳангии “Сино” ва муовини директори генералии АОЗТ “Халиф” дар ин шаҳр будааст.

Соли 1997 ба Душанбе баргашт ва дар Комиссияи оштии миллӣ вазифаи ёвари Раиси ин Комиссия - Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба ӯҳда дошт. Баъди анҷоми фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ боз ҳам муддате ёвари раҳбари ҲНИТ буд.  

 Соли 2000 бо пешниҳоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  ҷонишини раиси ҲНИТ интихоб мешавад. Ноибии ӯ дар ҲНИТ ба замоне рост омад, ки сарвар ва муовини аввали он бештар дар беморӣ ба сар мебурданд. Моҳи августи соли 2006 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз олам даргузашт ва ва моҳи сентябри ҳамон сол Муҳиддин Кабирӣ дар Анҷумаи ҲНИТ раиси ин ҳизб интихоб шуд.

Соли 2005 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази “Диалог” таъсис дод, ки муддате ба минбари таҳлилгарони масоили иқтисодиву сиёсӣ табдил шуда буд.

Моҳи феврали соли 2005 аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҲНИТ вакили Маҷлиси намояндагони Мавҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Моҳи сентябри соли 2007 дар Анҷумани ҲНИТ дубора ба муҳлати 4 сол боз раиси наҳзат интихоб карданд. Дар интихоботи парламентии соли 2010 низ боз вориди парламент шуд.

Аммо дар интихоботи парламентии моҳи марти соли 2015 бино ба гузориши Комиссияи интихоботӣ ҳизби ӯ райъи мувофиқ ба даст наёвард ва ба парламент роҳ наёфт. Дар нимаи моҳи марти 2015 барои табобат ва ширкат дар ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ ба хориҷ сафар кард.

Моҳи июн расонаҳои давлатии Тоҷикистон ӯро ба заминфурӯшӣ айбдор карданд ва аз оғози кадом парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ хабар доданд. Ин овозаҳо Кабириро водор кард, ки муддати дигар берун аз қаламрави кишвар бимонад.

Номзади илмҳои сиёсатшиносист.

Бо забонҳои арабӣ, инглисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. 

Оиладор ва соҳиби шаш фарзанд аст.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Мухиддин Тиллоевичро ба чашни зодрузаш табрик гуфта ва ба даргохи Худованд дуо мекунем ки душманонашро хору залил гардонад. Омин
Мухиддин Тиллоевичро ба чашни зодрузаш табрик гуфта ва ба даргохи Худованд дуо мекунем ки душманонашро хору залил гардонад. Омин
Муборак бошад, бахори умр-Устоди азиз! Бигзор хидматгузори дину мардуми худ бошед.
Ассалому ъалайкум. Устод Мухиддин Кабири ЗОДРУЗАТОН МУБОРАК БОД. ХУДОВАНД ШУМОРО МУВАФАКУ САРБАЛАНД ГАРДОНАД.
Зодруз Муборак Устод Кабири. Парвардигор онкадар машхуру хидматгузори Миллати Точикат кунад ки чашми душману хасудонатон куру кару гунг гарданд . ОМИН .

Шояд шумо суол ё назаре доред?