Қирғизистон шомили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд

 23-уми декабри соли равон Қирғизистон расман вориди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд.

Дар ин бора аввалин шуда президенти Русия Владимир Путин дар нишасти раҳбарони Иттиҳод сухан кард: “Худи ҳозир муоҳадаи пайвастани Қирғизистон ба имзо расид. Бовар дорем узвияти Арманистон ва Қирғизистон дар Иттиҳоди АвруОсиё ба манфиати милии халқҳои ин ду кишвар аст ва он барои рушди иқтисодии онҳо дарҳои дигарро боз мекунад”.

Алмазбек Атамбоев, президенти Қирғизистон дар анҷоми нишаст эълон дошт, ки мо муоҳидаи ворид гардидани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро имзо карда, масоили муҳимро баррасӣ кардем. Ӯ гуфт, ки "суҳбатҳо сода набуд, аммо он чизе, ки дар созишнома сабт шудааст, равшану возеҳ мебошад".

Тибқи ин шартнома, тарофаи ягонаи гумрукӣ, муҳлати дар амал татбиқ гардидани шартнома, санаи истифодаи тарофаи ягонаи гумрукӣ ва барҳам задани назорати гумрукӣ дар сарҳади Қирғизистону Қазоқистон дақиқ шудааст.

Алмазбек Атамбоев изҳори бовар кардааст, ки Қирғизистон то 9-уми майи 2015 узви воқеъии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад. Ваъда кардааст, ки тамоми масоили марбут ба ин Иттиҳодро то 1-уми майи соли 2015 ба итмом хоҳад расонд.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ миёни Русия, Қазоқистон ва Белорус ташкил шудаву аз 1-уми январи соли 2015 амалан фаъол мешавад.

Мухолифони аврупоии Русия Иттиҳоди АвруОсиёро як навъ талоши эҳёи Шӯравии собиқ аз ҷониби Путин медонанд. 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон низ эълон дошт, ки ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои ин созмон шуруъ кардааст, аммо эҳсос мешавад, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон ба пазируфтани узвияти ин созмон моил нест.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?