ҲНИТ-ро дар Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористӣ ворид карданд

Суди Олӣ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро дар Тоҷикистон мамнуъ карда, онро ба қатори созмону ҳаракатҳои террористӣ ворид кард.

Бо Қарори Суди Олӣ аз 29-уми сентябр ҳафтаномаи “Наҷот” ва сомонаи ин ҳизб низ қатъ карда шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои марбут ба ин ҳизб ҷиноят маҳсуб меёбад.

Дар Қарори Суди Олии Тоҷикистон омадааст, ки бархе аз аъзоёни ҳизб дар солҳои охир муртакиб ба ҷинояте шудаанд, ки хусусияти террористию экстремистӣ дорад. Инчунин, ба он муттаҳам шудаанд, ки “бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд”.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон “дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд”.

Аз ҷумла аз ҳодисаи тирамоҳи соли 2010 дар дараи Камароб ёд мешавад: “Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии  мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст”.

Инчунин, Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ дармоҳи июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ муттаҳм шудаанд, ки ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок  нишон додаанд. 

Тибқи баёнияе, ки дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шудааст, чанд тан аз фаъолони ҲНИТ дар шаҳри Исфара бо ҳамдастӣ ба ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” гунаҳкор шудаанд, ки даст ба куштори афсари милиса задаанд. Панҷ аъзои ҲНИТ дар шаҳри Норк 11-уми августи соли равон парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд, ки дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст. 

Дар баёния таъкид мешавад, ки “Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва дигаp аъзоёни Раёсати Олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рӯзномаи  “Наҷот” ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истодаанд”.

Ҳамчунин, зикр мешавад, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии наҳзат қасди “бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро доштаанд. Бо ин мақсад “бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Хайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд”. 

Мақомот гуфтаанд, ки тибқи нақша гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, қасди ҳуҷум ба бинои Қасри Миллат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, бинои ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдатро доштаанд.

Дар қароргоҳи ҲНИТ варақаҳое ёфт шудааст, ки “хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад”. “Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрӯзаро дорад”, - омадааст дар баёния.   

Дар интиҳо таъкид ба он мешавад, ки “ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. 

Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки  мақсади асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад. 

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ  аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб намудани манъ  карда шуд”.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

инна лиллах ва Инна илайхи рочиьон
ҷазояшон ҳамин
Худо рахматашон кунанд одабони игвогар ва ифорти буданд...
ЧАРОFИ АХМАДИРО ХАК БИАФРУХТ КАСЕ ПУФ КАРД РУИ ХЕШРО СУХТ. МАН МЕМИРАМУ ШОД ШАВАД ДУШМАНИ МАН... FАМГИН ШАВАД ДУСТИ МАН ХАМДАМИ МАН... ЭЙ ДУШМАНИ МАН БА МУРДАНАМ ШОД МАБОШ... НА ДУСТИ МАН МОНАДУ НА ДУШМАНИ МАН .... ХУДОВАНД БУЗУРГ МЕФАРМОЯД ...РУЗЕСТ КИ НАТАВОНАД ХЕЧ КАСЕРО КАСЕ МАНФИАТ РАСОНАД ВА ФАРМОН ДАР ОН РУЗ ФАКАТ ХУДОРОСТ... СУРАИ ИНФИТОР ОЯТИ 19 ...
лахзахои хотирмонхам расида омад.
ин амалро солхои пеш бояд мекарданд, ки то ин руз Давлатамон 10 баробар тараккиёташ пеш мерафт... акнун шахсони ба номи "Ислом" дог мекашидаро яксон намуда, Точикистонро аз инсонхои хоин тозакардан лозимаст. нест бод ХНИТ !!!!!
Худованд, ин нонкуронро заданеш кард, ки аз чояшон намехестаги шуданд. чазои хоинон, нонкурон ин мебошад, кани акнун яктат саратро бардор барои регистратсия, ба назди "Хочи-Халим" мерави,
Хуб карданд. Миллатро аз дасти душманон начот доданд. ХНИТ номи ИСЛОМ-ро дар арсаи чахони паст кард.
Додгохи ОЛИ дар хакикат дар фикри пойдории маллат будааст. Мардумро аз азоби дузах начот доди....
бубахшед камтар эзох карда монам.ХНИТ хизби терорристи не .ХНИТ-хизби терор шуда истода....

Шояд шумо суол ё назаре доред?