Ҳафтаномаҳои сиёҳпӯши Душанбе ба марги Умари панҷмоҳа

Ҳафтаномаҳои нашри Душанбе бо нишони эътироз ва мотам ба ҳодисаи марги Умари панҷмоҳа дар Русия саҳифҳояи худро сиёҳ нашр кардаанд.

Нашрияҳои мустақил ин қазияро маҳкум карда, хостори баррасии мунсифонаи қазия шудаанд. Ин ташаббус аз ҷониби рӯзномаи “ИмрӯзNews” сурат гирифтааст, ки ҳафтаномаҳо бо истиқбол аз ин  тасмим онро пайравӣ кардаанд.

Рӯзномаи “ИмрӯзNews” марги Умар Назаровро маҳкум карда, талаб дорад, ки Русия барои ин фоҷеа дар пеши Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ посух гӯяд.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” саҳифаи аввали худро сиёҳ карда, ба ҷуз акси Умар Назаров акси дигаре дар ин саҳифа ҷой надодааст. Дар матлабе ба унвони “Марги Умар ва фоҷеаи бузурги Русия” суол кардааст, ки “Русия сиёсати тифлкуширо пеш гирифтааст?”

Нашрияи дигари мустақил “Фараж” саҳифаи 16-и худро бо ранги сиёҳ ва аксҳои Умар ва модари ӯ оро додааст. Ин ҳафтанома марги Умарро маҳкум карда, аз Русия талаб кардааст, ки ба миллати тоҷик посух диҳад. Мавзӯи асосии ҳафтанома низ ба ин қазия бахшида шудааст, ки бо акси калони Умар дар саҳифаи аввал нашр шудааст.

Ҳафтаномаи мустақили “СССР” марги Умари панҷмоҳаро фоҷиаи миллати тоҷик номидааст. Ин нашрия низ талаби посух додани Русия дар назди Тоҷикистон шудааст. Ин нашрия инчунин аз қатли Хуршедаи 9-сола дар Санкт-Петербург ёд кардааст, ки ба таври ваҳшиёна ба қатл расонда буданд.

“Озодагон” дар саҳифаи сиёҳе сӯгвориҳо ба марги Умарро нашр кардааст.

13-уми октябр кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират зану шавҳари ҷавони тоҷик Рустам Назаров ва Зарина Юнусоваро боздошт карда, кӯдаки панҷмоҳаро аз модар ҷудо мекунанд. Умар Назаров дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Қазияи мазкур вокунишҳоеро дар дохил ва хориҷи Русия ба миён овард. ЮНИСЕФ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, расонаҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрванди дар ду кишвар ба ин ҳодиса бетарафӣ нишон надоданд. Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Copyright @2015 TojNews    

  

Назарҳо

Хокимияти чахорум суханаш эътибор надорад дар холе, ки 3 хокимияти пеши хомуши баргузидаанд. Хайфи ту эй миллати точик. Ту имруз дар азоби, ту имруз дар ба дари, ту имруз гуруснаи, имруз хуни туро мерезанд, имруз аз барои ноне саратро мегиранд, имруз аз барои дарёфти кути лоямуте ЭЙ МОДАРИ БУЗУРГИ МАН, ФАРЗАНДАТРО БА КАТЛ МЕРАСОНАНД, Имруз бо ту ман аз мухочират занг мезанаму мегуям хама корхоям хуб аст. АММО ман чойи хоб надорам. Либоси гафси гарм надоррам. Дар зери барф бо машаккатхои зиёд кор карда бароят маблаг мефиристам. То модари ман дар назди хамсояхо хичолат накашад.
Бале чи рузҳои сахтас дар ин ғариби модарамон бо чашми тар дор хона ки кай фазандам бар мегардад имруз ё фардо марги писарашро мебаранд имрузҳо дар сари ягон модарҳои мо наояд Лаънат бар тӯ эй ҒАРИБИ аз очаҷонам аз ёру рафиқонам дурам карди кай сухани нек мешнавем ки ватани ободас мардуми ғарибаро ба хонаъои худ файрод мекна

Шояд шумо суол ё назаре доред?