Инҳоро бояд шинохт! Муаррих Луқмон Бойматов

Луқмон Бойматов 10 уми июли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.  Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи  Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1984 онро бо ихтисоси муаррих хатм мекунад.

Номбурда дар шогирдии профессор С.Г. Агаджанов солҳои 1986-1991 дар риштаи аспирантура ва такмили ихтисоси  Институти таърихи ИҶШС(СССР) - и  Академияи илмҳои ИҶШС ш. Москва таҳсил кардааст.

Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 1984 - 1986 чун лаборанти калон дар Шўъбаи асарҳои таърихи миёнаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон оғоз карда,  солҳои 1993 - 1997 ба ҳайси мудири Шўъбаи кишварҳои Шарқи Миёнаи Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносиботи байнамилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз соли 2005 то 2012 чун корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Луқмон Бойматов ҳамчунин солҳои 1991-1992 бо гурўҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Исфаҳон ва солҳои 1997-1999 бо гурўҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳҳои Фирдавсии Машҳад ва якчанд марказҳои илмӣ - фарҳангии  Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои илмӣ доштааст.
Муаррих аз соли 2013 инҷониб дар кишвари Суед (Шветсия) иқомат мекунад.

Луқмон Бойиматовро дар ҷомеа чун олим, шарқшинос, нависанда, мутарҷим, мунаққид мешиносанд. Ӯ бештар таҳқиқоти таърихӣ анҷом дода, асосан ба таърихи асрҳои 13-14-и Осиёи Марказӣ ва Эрон таваҷҷуҳ кардааст.

Масоили насаб ва таърихи системи давлатдории Сомониён низ мавриди таваҷҷўҳи хосси ин муаррих мебошад. Таърихи муборизаи ниёкони тоҷикон алайҳи истилогарони аҷнабӣ, ба мисли лашкари мақдуниён, арабҳо ва муғулҳо дар силсилаи пажўҳишҳои ин муаррих мавриди вежае дорад. Таърих асрҳои миёни Хуҷанд ва шахсиятҳои маъруфи ин диёр низ яке аз самтҳои фаъолияти илмии ин таърихшонос ба ҳисоб меравад. Муфассалтарин таҳқиқоти Луқмон Бойматов таҳқиқотҳои  «Спитамон», «Абўмуслими Хуросонӣ», «Муқаннаъ», Темурмалик», Маҳмуди Торобӣ» ва «Сарбадорони Самарқанд» дониста мешаванд.

Луқмон Бойматов яке аз муаллифони аслии «Донишномаи Рудакӣ»  ва донишномаҳои дигар мебошад. 

Аксари китобҳо ва мақолоти ин муаррих берун аз кишвари Тоҷикистон ба чоп расида, ӯ  бо донишгоҳҳо ва марказҳои мухталифи кишварҳои Урупо ва Шарқ ҳамкорӣ дорад. Ӯ ширкаткунандаи беш аз 25 конфронсҳои байналмилалӣ аст.

Маҳорати нависандагии Луқмон Бойматов низ қобили тавсиф буда, дар ҷомеаи форсизабонон ӯро чун нависандаи тавоно мешиносанд.

Китоби  ӯ бо номи «Фиребхўрдагонем»,  ки иборат аз навиштаҳои фалсафӣ ва ирфронӣ аст, дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар кўтоҳтарин муддат се маротиба ба чоп расидааст.

Номбурда муаллифи чандин китобу рисолаҳои илмӣ таҳқиқотӣ аз қабили “Шўpиши Маҳмуди Тоpобӣ”, “Аз Темурмалик чӣ медонем?”, “Сегонаи мутаҳҳар”, “Фиребхўрдагонем”, “Спитамон”, “Инқилоби исломӣ аз дидгоҳи муҳаққиқони шўравӣ”, “Қиёми Маҳмуди Торобӣ”, “Фурўғи ишқ”,  “Сочинения Рашид-ад-дина как источник по истоpии наpодов Сpедней Азии”, “Социально - экономическое положение и наpодно-освободительные движения в Мавеpаннахpе во втоpой четвеpти XIII веке”, “Сарбадары Самарканда и амир Тимур”, “Критика монографии “Происхождение Саманидов”” ва ғайра мебошад.

Луқмон Бойматов дорандаи ҷойизаи “Қалами булӯрин” - и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?