Худо нигаҳбони Шумо! Изҳороти хайрбодии "Тоҷнюс" бо хонандагон

Хонандагони гиромӣ!
Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс - Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 - юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро қатъ мекунем.

Ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд  намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд.

Ҳамчунин эълон медорем, ки тибқи қарори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.

Худо нигаҳбони шумо!
 

Назарҳо

Худо нигаҳбонатон!

Шояд шумо суол ё назаре доред?