Ҷанги эҳтимолии Эрону Арабистон: барандаи он кӣ хоҳад буд?

Маъмулан хушунат миёни давлатҳо зояндаи ҳамин гуна суолот ҳам буда метавонад. Коршиносону таҳлилгарон талош мекунанд бо назардошти имконоти пуливу молӣ, бартариятҳои низомӣ, таҷрибаҳои ҷангӣ, собиқаи ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона назароти худро баён доранд ва ҳадсу гумонҳоеро ҳам дар миён гузоранд. Яъне, посух ба саволи пирӯзу мағлуби ин ҷанг кӣ хоҳад буд?

Дар мавриди зиддият миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳам чунин шуд. Аз он ки ҷонибҳо ҳатто ба ҷангҳои дипломатӣ даст заданд ва ҷонибе аллакай иқдом ба қатъи равобити дипломатӣ кард, баъзе таҳлилгарон бӯйи ҷангро ҳам эҳсос карданд.

То ин замон кишварҳое чун Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Судон бо Эрон дар пайравӣ бо Арабистон қатъи равобити дипломатӣ карданд, Кувейт сафирашро аз Теҳрон бозхонд ва Арабистон ва Баҳрайн парвози тайёраҳои худро ба Эрон қатъ карданд. 

Ва дар ҳақиқат эҳтимолияти як ҷанги тӯлониву калонмиқёс вуҷуд дорад ва ин ҷанг бидуни шак ҷанг миёни шиаҳо ва сунниҳо хоҳад буд. 

Қиёси неруҳо: кӣ чӣ дорад?

Леонид Нерсисян, таҳлилгари ожонсии  REGNUM  имкониятҳои ҳарбӣ ва таҷрибаҳои ҷангии Эрон ва Арабистонро ба риштаи таҳлил кашидааст ва менависад, ки дар қиёс ба Теҳрон Риёз дорои техникаи муосир ба ҳадди зарурат аст.

Арабистони Саудӣ

Буҷаи низомии ин кишвар наздик ба 60 миллиард доллар дар як сол буда, чорумин кишвари олам аст, ки ин миқдор хароҷоти бузурги ҳарбӣ дорад. Теъдоди сарбозону афсаронаш 233 ҳазор нафар аст ва неруҳои хушкигарди он дорои 450 тонки замонавии амрикоии тамғаи М1А2 Abrams, наздик ба 400 мошини ҷангии пиёданизоми M2 Bradley, беш аз 2000 зиреҳпӯш, силоҳҳои артилерӣ, аз ҷумла 50 системаи реактивии  M270 мебошад. Ғайр аз ин Арабистони Саудӣ то 60 адад мушаки балластикии  «Дунфэн-3» дорад, ки аз Чин харидорӣ кардааст. Онҳо қобилияти онро доранд, ки ба масофаи 2500 км кулоҳакҳои ҳастаӣ интиқол диҳанд, вале дақиқияти ин гуна мушакҳо хеле дар сатҳи паст аст. Аммо ҳоло овозаи дигаре ҳам ҳаст, ки Арабистон Дунфэн-21 мехоҳад харад. 

Муаллифи ин мақола менависад, ки Арабистони Саудӣ 152 ҳавопаймои ҷангии амрикоии Ғ-15, аврупоии Торнадо ва 32 тайёраи ҷангии аврупоии  Eurofighter Typhoon мебошад. Ҳамчунин теъдоди зиёди ҳавопаймоҳои боркаш низ дорад.  Ва боз силоҳҳои дигар ва сипарҳои дафъи ҳамалоти ҳавоӣ.

Арабистон дар об ҳам мусаллаҳ аст. Флоти ғарбии он дар баҳри Сурх ва флоти Шарқии он дар Халиҷи Форс мустақар аст. Дар Халиҷи Форс 3 киштии AlRiyadh муҷаҳҳаз бо мушакҳои зиддикиштии Exocet MM40 block II, ки то 72 км парвоз мекунад, дорад. Дар баҳри Сурх 4 киштии  Al Madinah дорад, ки муҷаҳҳаз бо ПКР Otomat Mk2 мебошанд. 

Бо вуҷуди бартариҳои низомӣ ин кишвар таҷрибаи ҷангӣ надорад ва муаллифи мақола менависад, ки 10 моҳ ба инҷониб танҳо бо гуруҳи ҳусиҳои зайдии Яман, ки бо силоҳҳои куҳнаву фарсуда мусаллаҳанд, даргир аст ва аслан пешрафте надорад.  

Эрон

Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз 550 ҳазор нафар иборат мебошад ва буҷаи низомии он 10 миллиард доллар дар як сол аст. Соҳиби 1600 тонк аст, ки наздик ба 480 адади онҳо тонкҳои муосири Т-72Z  ва 150  адад тонки Zulfiqar-тавлиди худи Эрон мебошад. 

Нерӯҳои ҳавоии он мураттаб аз ҳавопаймоҳои гуногуне мебошанд, ки дар кишварҳои мухталиф истеҳсол шудаанд. Солҳое, ки Эрон дар таҳримҳои шадид қарор дошт, иқтидори неруҳои ҳавоии он низ суст шуд ва ҳоло шояд каме бештар аз 50 дарсади ин ҳавопаймоҳо омодаи фаъолият бошанд. 

 Аз нигоҳи ҳимоя аз ҳамлаҳои ҳавоӣ Эрон аз Арабистон чандон ақиб нест. Чанд сол пештар аз Русия силоҳи ЗРК-и дурбурдаш миёна ва С-300 ПМУ-2 харидорӣ кардааст. Ахиран аз имзои тавофуқҳои нав бо Русия хабар дод, ки метавонад муҷиби беҳбудӣ дар таҳкими мудофиавии он шавад. 

Аз нигоҳи нерӯҳои баҳрӣ Эрон назар ба Арабистон пешсафтар аст. Гузашта аз ин қисмати бештари киштиҳои ҳарбии он дар минтақаи Халиҷи Форс мутамарказ шудаанд. 3 киштии зериобии 877 “Палтус” ва 26  киштии хурди тавлиди дохилӣ дорад, ки қобилияти интиқоли майнҳо ва торпедо доранд, 5 киштии бодбондор, 6 заврақи ҷангии истеҳсоли худи Эрон, бештар аз 50 қоиқи мушакӣ (тавлиди Чин, Эрон ва Олмон) дорад. Дар ҳамаи киштиҳои мушакии Эрон ПКР истеҳсоли чинии навъи С-701 (дурбурдашон 35 километр, силоҳи зидди киштиҳои зериобӣ) ва YJ-82 (дурбурдаш то 120 км) истифода мешаванд.

 Гузашта аз ин Эрон худ кишвари тавлидкунандаи мушакҳои балластикии дурбурдашон хурд ва миёна ва мушакҳои болдор аст. Борҳо онҳоро бомуваффақият озмоиш кардааст. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар ин кишвар 200-300 адад мушаки тавлиди дохилӣ вуҷуд дорад. 

Дурнамои ин буҳрон

Ин ду кишвар аз нигоҳи мавқеъи ҷуғрофӣ имкони ҷанги мустақим дар қаламрави худ надоранд, чун дорои марзи муштарак нестанд. Онҳо танҳо метавонанд кишварҳое чун Сурия, Ироқ ва Яманро ҷалб кунанд. Аз назари ин таҳлилгар ин муваффақияте нахоҳад дошт, ба ҷуз он ки муҷиби идомаи ҷангҳои гибридӣ дар ин мамолик шавад. Дуруст аст, ки ҷойи заъфи Арабистони Саудӣ ин Яман хоҳад буд, чун бо вуҷуди доштани неруҳои заминии 150 ҳазорнафара ва 185 адад ҳавопаймои ҷангӣ дар мубориза зидди ҳусиҳои яманӣ ба натиҷае нарасидааст. Сабаби инро дар амалкарди босаводонаи шӯришчиён ва заъфи неруҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ медонанд. Ва агар ин ҷангҳо шуруъ шаванд бо назардошти он ки дар Арабистони Саудӣ низ деъдои шиаҳо зиёданд, метавонад сабабгори фурупошии шоҳигарӣ шавад ва ё ҳаддиақал ба як мусибати хеле сахт оварда расонад.

Ҷанги калонмиқёс ва харҷу мараҷи минтақа

 Аз назари Леонид Нерсисян агар ҷанги доманадор ва калонмиқёс шуруъ шавад, пас майдои асосии ҳарбу зарб Халиҷи Форс хоҳад буд. Ҳатман дар қаламрави Кувейт ва Ироқ ноамниҳо бештар мешаванд, чун ин ду кишвар миёни Арабистон ва Эрон қарор доранд.

Қатар муттаҳиди саудиҳост, аммо ҳукумати имрӯзаи Ироқ аз Эрон ҷонибдорӣ мекунад. Ҳарчанд Арабистон ва муттаҳидонаш нерумандтаранд, вале Эрон чандин бартарияти дигар дорад. Яке он аст, ки гулугоҳи Ҳурмуз зери назорати Теҳрон аст ва дуюм дар ақибгоҳ ҷанге надорад ва дохили кишвар ҳам аз фазои амн бархӯрдор аст.

Вале агар гулугоҳи Ҳурмуз комилан баста шавад, ин боиси фоҷеаи иқтисодӣ барои он зумра кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс хоҳад шуд, ки аз муттаҳидони Арабистонанд. Аммо худи эрониҳо имкон пайдо мекунанд нефташонро ба хориҷи бидуни мамониат интиқол диҳанд. Дар натиҷа Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳида ва як идда аз кишварҳои дигари  ҳавза бозорҳои худро аз даст медиҳанд. Ва ҷойи онҳоро дар бозори нафт Русия, ИМА ва Эрон хоҳанд гирифт.

Леонид Нерсисян мегӯяд, агар ҷанг идомадор ояд, пас ду ҷониб аз он зарар мебинанд. Ҳатман қаламрави якдигарро мушакборон мекунанд ва ин вазъи Ховари Миёнаро боз ҳам сангин мекунад.”Ҳамаи ин метавонад он Ховари Миёнаеро, ки мо медонем, нобуд созад ва баъди чанд сол харитаи ин минтақа комилан дигар шавад”,-менависад ӯ.

Ин ҷо мушкил аст пешгӯӣ кард, ки муттаҳидони қудратманди Арабистон аз миёни кишварҳои суннимазҳаб-Покистон, Туркия ва Миср чӣ мавзеъгирӣ хоҳанд дошт. Леонид Нерсисян бар ин назар аст, ки Покистон гумон аст мустақиман ба ин зиддият ҳамроҳ шавад, чун ихтилофоте бо Ҳинд дорад ва андармони як буҳрони дигар шудан барои ин кишвар худкушӣ хоҳад буд. Туркия бо истифода аз вазъ метавонад худро дар Сурия ва Ироқ фаъол кунад. Миср низ баъид аз ба ин бархӯрдҳо шарик шавад. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Alloh milati musulmonro hifz kunad omin
як чиз ро ман илова мекунам: нукоти куввати Арабистон: химояти умумии ахли суннати дунё нукоти заъфи Арабистон: бо вучуди бехтарин силоххои пешрафтаи дунё аммо тамоман тачрибаи чанг надорад ва халабонхои таёрахошон ичораи аз дигар давлатхо аст нукоти куввати Эрон: 1. ворид шудани Хизбуллохи Лубнон дар чанг 2. тачрибаи чанги доштан (7 сол бо Ирок чанг дошт) Нукоти заъфи Эрон: надоштани Химояти мусулонон ба хотири шиа будан
олим сафсата менависи
Пароканда лашкар наъояд бакор, Дусад марди ҷанги беҳ аз сад ҳазор.

Шояд шумо суол ё назаре доред?